Марҳалаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба поён мерасад

Июнь 17, 2016 09:41

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо бозиҳои даври 8-уми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки бинобар иштироки дастаи мунтахаби кишварамон дар бозиҳои плей-оффи Чемпионати Осиё -2019 мавқуф гузошта шуда буд, марҳалаи аввали мусобиқот ба анҷом мерасад. 18 июн «Парвоз» бо «Вахш», «Регар ТадАЗ» бо «Равшан» ва 19 июн «Истиқлол» бо КМВА «Помир», «Хуҷанд» бо «Барқчӣ» ва «Хайр» бо «Ҳосилот» вориди майдон мешаванд.
Вохӯрии марказии даври 8 рақобати байни дастаҳои «Хайр» ва «Ҳосилот» маънидод мешавад, аммо бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва КМВА «Помир» аҳамияташ аз бозии аввал бештар аст ва онро ба қатори бозии марказӣ дохил кардан хато нахоҳад буд, зеро чемпиони мамлакат- «Истиқлол» дар ду бозии охири худ бо «Хайр»-и Ваҳдат ва «Ҳосилот»-и Фархор натиҷаи мусовиро(0:0,1:1) ноил шуд ва КМВА «Помир», ки аз як бозӣ то бозии дигар ба натиҷаҳои барҷаста соҳиб мешавад ва дар зинаи сеюми мусобиқот қарор дорад, метавонад натиҷаи фоҷиабореро дар ин вохӯрӣ аз худ боқӣ гузорад. Баъди анҷом ёфтани ин силсилабозиҳо далелу аснод пайдо хоҳанд шуд.
Доварони вохӯриҳои даври 8 мавқуфгузоштаро ФФТ муайян кард. Хуршед Додобоев(«Истиқлол» бо КМВА «Помир»), Сайвалӣ Турдиев(«Хайр» бо «Ҳосилот»), Насрулло Кабиров(«Парвоз» бо «Вахш»), Баҳром Саъдуллоев(«Регар ТадАЗ» бо «Равшан») ва Хусрави Сиддиқзод(«Хуҷанд» бо «Барқчӣ») бозиҳоро  ҳакамӣ мекунанд.
Оғози бозиҳо соати 18:00.

Июнь 17, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад