Маросими барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази шаҳри Хоруғ

Июнь 26, 2016 11:46

Душанбе, 26.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт.

Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 8 бар 4 метрро ташкил медиҳад.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 300 ҳазор сомонӣ буда, он бо маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминии тоҷик “Талко” бунёд шудааст.

Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминии тоҷик “Талко” ва пудратчии бунёди иншооти Парчами давлатӣ Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминии тоҷик “Талко” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошад. Дар рафти сохтмони иншоот 24 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Корҳои сохтмонӣ аввали моҳи декабри соли 2015 оғоз ёфта, имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Коргарону мутахассисон тавонистанд дар муддати хеле кутоҳ бунёди иншоотро бо риояи тамоми талаботи меъёрҳои меъморию сохтмонm босифат ба анҷом расонданд.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебу зиннат ёфтааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолияти давлатӣ ба симои шаҳр зебогии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинони шаҳр мубаддал гардид.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминии тоҷик “Талко” бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар ҷаҳон баландтарин мебошад, сохта шуд. Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 165 метрро ташкил медиҳад. Тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад. Сохтумони пояи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 оғоз ёфта, рӯзи 30 августи соли 2011 ба истифода дода шуд. Аз рӯи шаҳомат Парчами давлатии Тоҷикистон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуда, соҳиби сертификати махсус мебошад.

Бунёди чунин иншоот — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сурат гирифта, як омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мебошад.

Июнь 26, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон