Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон: беҳтаринҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта мешаванд
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон моҳҳои июн-августи соли равон Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавонро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ менамояд. Машварати мазкур дар 5 сол 1 маротиба гузаронида шуда, дар он адибони ҷавон (аз 17 то 35 сола) иштирок менамоянд.
Тибқи нақшаи тарҳрезишуда баргузории Машварати адибони ҷавони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон моҳи июли соли равон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки шоирон — Юнус Юсуфӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муҳамадалӣ Аҷамӣ, Равшан Махсумзод ва Машварати адибони ҷавони минтақаи Қурғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа рӯзҳои 16-17 июни соли равон бо иштироки шоирон — Ато Мирхоҷа, Озар, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ ва Равшан Махсумзод дар назар дошта шудааст.
Машварати мазкур дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон рӯзҳои 25-26 июни соли равон, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки шоирони маъруфи тоҷик — Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Ҳақназар Ғоиб, Озарахш, Равшани Махсумзод ва Раънои Мубориз баргузор хоҳад гашт.
Баргузории чунин Машварат дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 13-15 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки шоирон — Ато Мирхоҷа, Юнус Юсуфӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Равшани Махсумзод, Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев, Баҳманёр, Раҳмат Назрӣ, Рустам Ваҳҳоб, Раънои Мубориз ва Ҷумъа Қуддус ва рӯзҳои 8-13 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки дар машваратҳо адибони шинохта бо эҷодиёти адибони ҷавони ҷумҳурӣ аз наздик шинос шуда, ба онҳо дар масоили эҷод, сабку усули он, дарёфти мавзӯъ, эҳсоси гардишҳои нав дар зиндагӣ, дарки завқи хонандаи муосир ва дигар масъалаҳои ба он марбут тавсияҳои муфид дода мешаванд.
Тавре ки Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд даври дуюми Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон рӯзи 12 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, натиҷаҳои он ҷамъбаст ва беҳтарин адибони ҷавон барои узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз дигар имтиёзҳо бархӯрдор хоҳанд гашт.
— Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон боварии комил дорад, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мо ҳамкорӣ намуда, барои дар сатҳи баланд доир гардани Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон шароити мусоид фароҳам меоранд, — афзуд А.Мирхоҷа.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






