Масъулини Маркази наркологӣ ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ба саволҳои бинандагон посух доданд
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8-уми июни соли равон тибқи нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Суғд барои соли 2016 дар телевизиони вилояти Суғд бо ширкати намояндаи масъули Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоят ва муовини сардухтури Маркази наркологии вилояти Суғд гуфтугӯи мустақим баргузор шуд.
Намояндаи Раёсати Агентӣ оид ба фаъолияти панҷмоҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар мавриди муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷараёни амалиёти вилоятии «Кӯкнор 2016» маълумоти муфассал доданд. Дар бахши саволу ҷавоб бо бинандагон, ки ба таври мустақим сурат гирифт, ба пурсишҳои сершумор ва дахлдори бинандагони телевизиони вилояти Суғд оид ба меъёрҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ба содиркунандагони ҷиноятҳои вобаста ба мухаддирот, корбасти чораҳои қатъӣ ва амалӣ оид ба пешгирӣ ва ошкорнамоии ин ҷиноятҳо, ҳамкории Агентӣ ва сохторҳои минтақавии он бо ҳампешагони худ аз мамолики дуру наздик, омилҳои гароиши ҷавонону наврасон ба зуҳуроти нашъамандӣ, нишона ва пайомадҳои ин беморӣ ва сироят аз он бо амрози дигар, усули табобат аз тариқи табобати ҷойивазкунанда бо дорувории метадон ва тадбирҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри дастгирии иҷтимоии гирифторони бемории нашъамандӣ андешида мешаванд, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






