Месси дастаи мунтахаби Аргентинаро тарк мекунад
Душанбе,29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бохти дастаи мунтахаби Аргентина дар вохӯрии ниҳоии «Ҷоми Амрико-2016» аз тими мунтахаби Чилӣ бо натиҷаи 2:4 ҳамлагари номдори ҷаҳон Лионел Мессии 29-соларо водор кардааст, ки бо ихтиёри як баёния ширкати худро минбаъд дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина ба поён расонад.
Соли дуввум аст, ки футболбозони аргентинагӣ пай дар пай дар бозии ниҳоӣ аз чилигиҳо ба шикаст рӯ ба рӯ мешаванд. Соли гузашта баъди натиҷаи мусовӣ дар вақти асосӣ ва имсол низ силсилаи зарбаҳои 11 метраи баъдибозӣ ғолиби Ҷоми Амрикоро муайян кард ва Месси натавонист аз ҷаримаи ёздаҳметра тӯбро ба ҳадаф расонад. Баъди ин Месси аз поёни иштироки минбаъдааш дар ҳайати тими миллии Аргентина хабар дод ва гуфт: «барои ман дар мунтахаби Аргентина ҳама чиз тамом шудааст. Ин тасмими ман аст».
Лионел Месси ба шумори гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон, ки қиматаш ба 220 миллион евро мерасад, аз ҷониби хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоӣ соли гузашта ҳамчун футболбози беҳтарини Аврупо интихоб шуд ва ӯ ҳамоно дар дастаи «Барселона»-и Испания бозӣ карда, панҷ маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гардидааст.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






