ММТ: Дар 15 муассисаи таълимӣ барои дохил гаштан ба 34 ихтисос ИЭММ баргузор мегардад

Июнь 22, 2016 15:18

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Дирӯз  дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки котибони масъули қабули имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (ИЭММ)-и 13 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдори ҷумҳурӣ суҳбат баргузор гардид.
Тавре аз ММТ иттилоъ доданд, кормандони масъули Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба низоми гузаронидани ИЭММ, ҷамъбасти ИЭМ-2015 ва омодагиҳо ба ташкилу гузаронидани имтиҳонҳои мазкур дар соли 2016 сухан гуфтанд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки соли равон дар 15 муассисаи таълимӣ барои дохил гаштан ба 34 ихтисос ИЭММ баргузор мегардад. Довталабон дар давраи асосии бақайдгирӣ 3 ихтисоси гурӯҳи ихтисосҳои якумро 1955 нафар ё 17%, 26 ихтисоси гурӯҳи ихтисосҳои сеюмро 3726 нафар ё 32%, 1 ихтисоси гурӯҳи ихтисосҳои чорумро 279 нафар ё 2% ва 4 ихтисоси гурӯҳи ихтисосҳои панҷумро 5762 нафар ё 49% интихоб намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки даври асосии имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус бевосита аз тарафи комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии интихобнамудаи довталабон аз 25-уми июн то 5-уми июл ва имтиҳонҳои иловагӣ 7-8-уми июл дар макони ҷойгиршавии муассисаҳои таълимии интихобнамудаи довталабон гузаронида мешаванд.

Июнь 22, 2016 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад