ММТ: Даври дуюми азнавбақайдгирӣ танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
Душанбе, 15.06.16./АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки мехоҳанд гурӯҳи ихтисосҳо ва ё комбинатсияи ихтисосҳояшонро иваз кунанд, мерасонад, ки аз 10-ум то 19-уми июн даври дуюми азнавбақайдгирӣ гузашта истодааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ММТ, даври дуюми азнавбақайдгирӣ танҳо дар шаҳри Душанбе дар бинои Маркази миллии тестӣ бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин имтиҳонҳо барои ин гурӯҳи довталабон дар даври имтиҳонҳои иловагӣ рӯзҳои 18-19 июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Маблағи барои даври дуюми аз навбақайдгирӣ пардохтшаванда 200 (дусад) сомонӣ буда, довталабони ятими кулл ва бепарастор аз пардохти маблағ пурра озоданд. Довталабоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, танҳо 50%-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд.
Бояд зикр кард, ки довталаб барои даври дуюми азнавбақайдгирӣ бояд шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба пардохти маблағи пурраро пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






