Модари сангдил фарзанди хурдсолашро аз ҳаёт маҳрум карданӣ буд

Июнь 22, 2016 09:59

Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат  ба Марҷонаи Файзулло ва Розиқов Нуралӣ Саймуҳдинович бо моддаҳои 32, қисми 3-104, қисми 2, бандҳои «в», «е», «з» (суиқасди куштори шахси баръало ноболиғ ва дар ҳолати оҷизӣ қарордошта, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо бераҳмии махсус) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристод.
Суд номбурдагонро барои он гунаҳгор донист, ки онҳо давоми як сол муносибати маҳрамона дошта, рӯзи 21 декабри соли 2015, тахминан соати 16.00 ҳангоми аз назди хонаи Марҷонаи Файзулло, воқеъ дар ноҳияи Нуробод гузаштанаш Н.Розиқов, ки қаблан барои ҷинояти қасдона, яъне бо моддаҳои 244, қисми 2, бандҳои а, в, г ва 339 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, ба телефони дар дасташ буда бо маънои ба ӯ занг задан ишора намудааст.
Тахминан соати 18-00 баъди он ки шавҳари Марҷонаи Файзулло  М. Носиров хӯроки шомро хӯрда, аз хона бадар мешавад, ӯ Н.Розиқовро дар хонааш қабул мекунад.  Н.Розиқов ба Марҷонаи Файзулло  мегӯяд, ки  шавҳарат туро нигоҳубин намекунад ва ман ба шарте туро ба занӣ мегираму шароити зиндагиатро беҳтар менамоям, ки  духтарчаат Мавзунаро аз ҳаёт маҳрум намоӣ.
Марҷонаи Файзулло ба таклифи Н.Розиқов  розӣ шуда, ҳар ду аз рӯи маслиҳати пешакӣ Мавзунаи хурдсолро, ки  соли таваллудаш 7 феврали соли 2015 буд, гирифта, ба мавзеи ахлотпартои маҳаллаи Исмоили Сомонӣ бурда, аз ҷарии баландиаш 17 метр ба поён партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Аз ин ҳолат ҳамсояҳо ва кормандони милитсия огоҳ шуда, дар натиҷаи кофтукови якҷоя Мавзунаи хурдсолро тахминан баъди 2-3 соат дар ҳолати ногувор, ки барф меборид ва ҳаво сард буд, аз болои буттаҳои марминҷони хордор ёфта, ба ӯ ёрии тиббӣ расонида, аз марг наҷот медиҳанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2016 барои содир намудани ҷинояти мазкур Марҷонаи Файзулло ба муҳлати 15  ва Розиқов Нуралӣ Саймуҳдинович ба муҳлати 17  сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Июнь 22, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд