Муҳаммад Алӣ аз олам даргузашт

Июнь 4, 2016 20:24

Душанбе, 04.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммад Алӣ –боксёри шӯҳратёри ҷаҳон, афсонае, ки дар майдони бокс номаш ҳарифонро ба ларза меовард, дар синни 74- солагӣ дар яке аз беморхонаҳои Феникс бо ин ҷаҳон падруд гуфт. Ӯ рӯзи чоршанбе аз сабаби бад шудани вазъи соламатиаш  ба беморхона интиқол ёфт. Алӣ аз соли 1984 инҷониб ба бемории «Паркинсон» гирифтор буд.

Муҳаммад Алӣ дар майдони варзиш ба дастовардҳое ноил шудааст, ки асрҳо дар борааш ҳарф мезананд. Ӯ номи худро бо хати заррин дар сафҳаи таърихи бокси ҷаҳон сабт кард. Соли 1980 чемпиони Бозиҳои олимпӣ, 1964 то 1966 ва 1974 то 1978 -Чемпиони мутлақи ҷаҳон  дар вазни вазнин. Панҷ маротиба ба ӯ унвони беҳтарин боксчии ҷаҳонро ихтисос доданд ва як маротиба маҷаллаи «The Ring» Муҳаммад Алиро боксёри беҳтарини даҳсола эълон кард. Дар бокси касбӣ Муҳаммад Алӣ 61 вохӯрӣ гузаронида, дар 57-тои он ғалаба карда, 37 зӯрозмоиро пеш аз мӯҳлат  бо накаут ҷамъбаст кардааст. Ҳамагӣ дар 5 қувваозмоӣ ба мағлубият дучор шудааст.

Рақобати Муҳаммад Алӣ бо Ҷо Фрейзер дар таърихи варзиши ҷаҳон аз беҳтарин қувасанҷиҳо дар риштаи бокс маънидод мешавад.

Маросими дафни Муҳаммад Алӣ дар зодгоҳаш шаҳри Луисвилли штати Кентукии Амрико гузаронида мешавад.

Июнь 4, 2016 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад