Муҳаммадмурод роҳхати олимпиро дарёфт кард
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио де Жанейро роҳхат гирифт. Ин дзюдочии тоҷик тавассути квотаи қитъавӣ ҳаққи ширкат дар олимпиадаро соҳиб шудааст.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинги охири Федератсияи байналмилалии дзюдо дар вазни беш аз 100 кило миёни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48 ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Бразилия роҳхат гирифт. Аз ин пеш Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Комроншоҳи Устопириён дар дзюдо соҳиби саҳмияҳои олимпӣ шуда буданд.








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






