Муаррифии ислоҳот ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Июнь 8, 2016 16:47

Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифии  ислоҳот ва натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод  оид ба таваҷҷуҳи хосса  ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ибрози назар намуда, зикр кард, ки татбиқи ислоҳоти фарогир дар кишвар натиҷаҳои самарабахш дода истодааст.
Танҳо дар соли 2015 ва 5 моҳи соли 2016 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», марҳилаи дуюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ», нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки дар чорабинӣ аз ҷониби коршиносон ба таври васеъ ба намояндагони бахши хусусӣ муаррифӣ карда шуданд.
Вобаста ба ислоҳот дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои ҷаласаи XVI Шўро роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ  Нуъмон Абдуғаффорзода ибрози назар намуд.
Зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласаи XVI Шӯро муаррифӣ карда шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ буда, дар ин самт зиёда аз 100 тавсия ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ омода карда шуд ва дар ин раванд намояндагони бахши хусусӣ фаъолона ширкат намуданд.
Вобаста ба масъалаи муҳими дигар оид ба натиҷаҳои таҳлили мушкилиҳои низоми андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ки дар ҷаласаи
XVI Шўро мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, муовини сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдулҳаким маълумот дод.
Тавре зикр карда шуд, дар ҳуҷҷати мазкур баррасӣ ва дарёфт кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти андозӣ, аз ҷумла тавассути таҳлилҳои самаранокии имтиёзҳои андозӣ, санҷишҳо ва ҷаримаҳои андозӣ, механизми муайяни баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, ҳалли баҳсҳои андозӣ, ҳавасмандкунии соҳибкорон ва фарогирии пурраи онҳо бо андозбандӣ, боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар чорабинӣ оид ба дастгирии устувори ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва ҳамкории самаранок баҳри рушд муаррифнома пешниҳод шуд, ки тибқи он то имрўз дар доираи лоиҳаҳои гуногун кумакҳои зиёд амалӣ  гардида, идомаи корҳо дар самти мазкур дар назар дошта шудааст.
Дар чорабинӣ миёни иштирокдорон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, намояндагони бахши хусусӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Қобили тазаккур аст, ки имрӯзҳо дар қатори Шўрои миллӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин шӯроҳои маҳаллии машваратӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.
Дар ин раванд дар анҷоми чорабинӣ ба котибони шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории як қатор вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҷмӯи воситаҳои техникӣ тақдим карда шуд.

Июнь 8, 2016 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад