Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ
Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мулоқоти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ доир ба умури сиёсӣ Абдулло Олим баргузор гардид.
Заробиддин Қосимӣ дар оғози вохӯрӣ даъватномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ доир ба иштирок дар Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария», ки аз 9 то 11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим намуд.
Зимни суҳбат ду ҷониб атрофи масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи созмони ҳамкории исломӣ, татбиқи санадҳои амалкунанда ва баррасии иқдому ташаббусҳои нав гуфтугӯи судманд анҷом доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






