Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

Июнь 28, 2016 14:47

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз мулоқоти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ доир ба умури сиёсӣ Абдулло Олим баргузор гардид.
Заробиддин Қосимӣ дар оғози вохӯрӣ даъватномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ доир ба иштирок дар Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария», ки аз 9 то 11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим намуд.
Зимни суҳбат ду ҷониб атрофи масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи созмони ҳамкории исломӣ, татбиқи санадҳои амалкунанда ва баррасии иқдому ташаббусҳои нав гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Июнь 28, 2016 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад