Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Озорбойҷон

Июнь 21, 2016 18:16

Душанбе, 21.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озорбойҷон Салим Муслимов мулоқот кард.
Дар вохурӣ масоили марбут ба сатҳи ҳамкории Тоҷикистон ва Озорбойҷон дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақш ва мақоми арзанда дошта дар ҳамин замина барои беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола тадбирҳои муасир андешида мешаванд.
Ҷонибҳо доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, табодули таҷрибаи байни ҳамдигарӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа гуфтугуи судманд анҷом доданд.

Июнь 21, 2016 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд