Муносибатҳои Тоҷикистону Покистон сатҳу сифати нав мегиранд
Душанбе, 04.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро мулоқот намуд.
Тавре ки аз ПСС ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дипломати покистонӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳи «Корвони тиҷоратии Покистон» ва бизнес-форуми доираҳои кории ҳарду кишвар минатдориашро ба раиси ТПП баён намуд.
Сафир даъват ба амал овард, ки ҳамкории судмандро дар ин самт дар оянда низ идома бояд дод. «Барои ин хуб мешуд, ки намоишгоҳи байналмилалии навбатии Покистонро моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон баргузор намоем»,- таъкид намуд сафир.
Раиси ПСС Шариф Саид муҳимияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии навбатиро таъкид намуда, иброз дошт, ки дар доираи он бояд ҳамаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ҷалб гарданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






