Мураббии собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Пилипчук мураббии «Спартак»-и Маскав таъйин шуд

Июнь 23, 2016 11:28

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ мураббии калони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Роман Пилипчук, ки ба Мубин Эргашев ба ҳайси мураббии калон  кумак мекард, чун мураббии дастаи «Спартак»-и Маскав ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора сомонаи КФ«Спартак» иттилоъ додааст.
Роман Филипчук, мураббии украинӣ, дар гузашта ба ҳайси бозингар дар ҳайати дастаҳои «Текстилшик»-и Иваново, «Динамо»-и Маскав, «Спартак»-и Владикавказ ва се дастаи Исроил бозӣ карда, фаъолияти мураббигиро дар дастаҳои «Заря»-и Луганск, «Шинник»-и Ярослав, «Дачия»-и Кишинёв, «Динамо»-и Маскав, «Олимпик»-и Донетск ва «Спартак»-и Юрмала ба роҳ мондааст.
Солҳои охир ӯ дар вазифаи мураббии калони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва баъдтар сармураббии «Барқчӣ» ифои вазифа карда буд.

Июнь 23, 2016 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд