Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар маҷаллаи олмонии «Diplomatisches Magazin»
Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin»-и Олмон дар шумораи моҳи июнии худ ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов мусоҳиба анҷом додааст. Дар мусоҳиба оид ба роҳи паймудаи давлати навини Тоҷикон дар 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати хориҷии пешгирифтаи кишвар ва натиҷаҳои сиёсати «дарҳои боз» дар сиёсати хориҷӣ, рушди энергетика, соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, рушди маориф, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон ва нақши ҷашни Наврӯз дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҷалби сайёҳон сухан меравад. Саҳифаҳои алоҳида оид ба имконоту захираҳои сайёҳии мамлакат ба хонандагон маълумот медиҳад. Инчунин маълумоти пурра аз Форуми иқтисодӣ ва фарҳангии Наврӯз, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Консули фахрии Тоҷикистон дар замини Ҳамбург Куруши Пуркиён бахшида ба пешвози 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор гардид, ҷой дода шудааст. Маълумотҳои дар ин маҷалла дарҷшуда дар ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва тарғиби Тоҷикистон ҳамчун макони сайёҳӣ дар кишвари Олмон саҳми муносиб гузошта, тӯҳфаи сазоворест ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи мазкур моҳона бо теъдоди 12 ҳазор нусха бо забонҳои олмонӣ ва англисӣ нашр ва дар саросари Олмон паҳн карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






