Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: дар Деваштич беҳтаринҳо муайян шуданд

Июнь 15, 2016 14:18

Деваштич, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла,  хона ва оилаи намунавӣ дар саросари ҷумҳурӣ идома дорад. Дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби тамоми фаъолони ноҳия чорабинии ҷамъбасти ниҳоии даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибон қадршиносӣ гаштанд.
Дар  мусобиқа дар ноҳияи Деваштич оилаи Фаррух Нуруллоев аз шаҳраки Ғончӣ, хонаи Фотима Холова аз деҳаи Росровут, маҳаллаи Файзободи ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Муҷуни ҷамоати Яхтан ғолиб омада, ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ҳамаи иштирокдорон аз ҷониби раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода нишони ғолибият, туҳфаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тантанавор супорида шуданд. Ҳамаи талаботи мусобиқа ба назар гирифта шуда, хонаи Фотима Холова, деҳаи Истиқлол ва ҷамоати Яхтан ба марҳилаи вилоятӣ пешниҳод шуданд

Июнь 15, 2016 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе