Мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол ба анҷом расид

Июнь 28, 2016 15:43

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни духтарони соли таваллуди 2000-2001 барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев ба анҷом расид.
Мусобиқаи мазкур ба 79-солагии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ волейболбози дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ Нуралӣ Одинаев бахшида шуд, ки мақсади он тарғиби волейбол байни ҷавонону наврасон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо арзёбӣ гардид.
Дар мусобиқа шаш даста аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Волейболбозони наврас бо як омодагии ҷиддӣ ба мусобиқа омада, барои дарёфти Ҷом ҷаҳду талош намуданд. Барои касби ҷойҳои якум дуюм ва сеюм дастаҳои волейболи Душанбе-1 бо Суғд ва Душанбе-2 бо Хатлон-1 байни ҳам рақобат намуданд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои Душанбе-2 ва Хатлон-1 дар рақобат шуданд.
Дар ниҳоят дастаи Хатлон-1 бо ҳисоби 3:0 рақиби худро шикаст дода, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар мусобиқаи ниҳоӣ миёни дастаҳои Душанбе-1 ва Суғд рақобати шадид сурат гирифт. Тими Суғд низ ҳарифашро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба волейбол миёни духтарони соли таваллуди  2000-ум ва 2001-ум гардид.

Июнь 28, 2016 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад