Мусодираи 22 кг маводи мухаддири навъи чарс дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарҳадбонони тоҷик дар вилояти Хатлон дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон зиёда аз 22 кг маводи мухаддири навъи чарс дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре ки сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, 13 июни соли равон тахминан соати 01:00-и шаб гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон иборат аз 4 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар натиҷаи итоат накардани қочоқчиён байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрд ба вуқӯъ меояд. Баъди фирори қочоқчиёни афғон сарҳадбонони тоҷик ҷои ҳодисаро аз назар гузаронда, ин маводи мухаддирро дарёфт менамоянд.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






