Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ

Июнь 23, 2016 11:33

Душанбе, 23.06.2016./АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.  Сайфиддин Назарзода, директори КМТ зикр кард, ки «Бо шарофати санади ҳаётан муҳими Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва рушди онҳоро оғоз намоем».
Дар конфронс раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, профессор Мурод Муродов, раиси МТЖТ Хуршеди Атовулло ва дигарон дар мавзӯъҳои «Ҷумҳурият» ва масъалаҳои ваҳдати миллӣ», «Матбуоти электронӣ ва рушди афкори ҷамъиятӣ», «Матбуоти тоҷик дар давраи гузариш», «Тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои музофотии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.

Июнь 23, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик