Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ
Душанбе, 23.06.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Сайфиддин Назарзода, директори КМТ зикр кард, ки «Бо шарофати санади ҳаётан муҳими Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва рушди онҳоро оғоз намоем».
Дар конфронс раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, профессор Мурод Муродов, раиси МТЖТ Хуршеди Атовулло ва дигарон дар мавзӯъҳои «Ҷумҳурият» ва масъалаҳои ваҳдати миллӣ», «Матбуоти электронӣ ва рушди афкори ҷамъиятӣ», «Матбуоти тоҷик дар давраи гузариш», «Тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои музофотии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






