Намояндагони бахши суғдии ҲҲДТ кӯдакони маъюбу ятимро аёдат карданд

Июнь 1, 2016 12:07

Хуҷанд, 01.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Кумитаи иҷроияи бахши суғдии ҲХДТ боз як иқдоми наҷиберо пеша кард. Ин навбат дар арафаи Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим гирифт дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи шахсони саховатмандон ба кӯдакони маъюбу ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намояд. Бо ин максад намояндагони кумитаи мазкур баҳри аёдати кӯдакони маюбу ятим ва бепарастор дар Маҷмааи фароғатии Суғд барои 100 нафар кӯдакон дастархони идона оростанд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз бахши ташкилии кумитаи вилоятӣ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ тарбиятгирандагон аз хона-кӯдакистон ва мактаб-парваришгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Конибодом, Бӯстон ва Хуҷанд ҷамъ омада буданд.
Фирдавс Ҳоҷиев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни табрики кӯдакон бо ин ҷашн гуфт, ки  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бахши суғдии ҲХДТ- ин дастгириву ғамхорӣ нисбат ба шахсони ниёзманд буда, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд минбаъд низ азм дорад чунин иқдомҳоро идома диҳад. Барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳофизони шинохтаи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ табъи кӯдаконро боз ҳам  болидатар гардонид.

Июнь 1, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид