Натиҷаҳои вохӯриҳои ҷавобии плей-оффи Чемпионати Осиё -2019
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, дирӯз дар вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка дастаи мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард . Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфта буд. Ғайр аз бозии мазкур ҳамчунин тими мунтахаби Ҳиндустон бар Лаос 6:1(1:0), Камбоҷа бар Тайбейи Чин 2:0(2:2), Малайзия бар Тимори шарқӣ 3:0(3:0) ва Яман бар Малдив 2:0(2:0) ғолиб омаданд.
Ба ҳамин тартиб, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа ва Яман ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат гирифтанд.
5 дастаи дар даври бозиҳои плей-офф ба нокомӣ дучоршуда, барои ба даст овардани роҳхат якҷоя бо тими мунтахаби Бутан 6 сентябр ва 11 октябр дар се ҷуфти бозиҳои плей-офф-1 ширкат меварзанд ва ғолибонашон ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.
Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста соли оянда дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.
Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






