«Нелегал-2016» ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуд

Июнь 3, 2016 09:54

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 31 май дар вилояти Суғд марҳилаи аввали амалиёти муштараки махсуси «Нелегал-2016» гузаронида шуд.
Мақсади амалиёт аз ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат бар зидди будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ иборат буд. Дар  амалиёт гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иштирок намуданд.
Тӯли ин муддат кормандони раёсат 21 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз  Ҷумҳурии Мардумии Чин- 11 адад, Ҷумҳуриҳои Молдова — 2 адад, Узбекистон — 2 адад, Беларус — 3 адад, Украина — 2 адад ва аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1 адад ошкор намуданд.
Ба таври мушаххас аз ҷониби кормандони раёсати вилоятӣ 5 адад, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон 4 адад, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд 3 адад ва шаҳри Гулистон 9 адад ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуд.
Нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд.

Июнь 3, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад