Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Июнь 2, 2016 08:12

Душанбе, 02.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  31 майи соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаҳои як қатор қонуну қарорҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардид. Вобаста ба ин лоиҳа ва ҳадафи он бо муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ҳамсуҳбат гардидем.

«Ховар»: Тавре медонем, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз   тасдиқ гардид. Мегуфтед, ки мақсади аз  нав таҳия намудани Низомномаи мазкур дар чӣ буд?

Л.Назирӣ:  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Мақсади аз нав таҳия намудани Низомномаи мазкур ба низом даровардани кори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад, ки инкишофи ҳаматарафаи хонандагонро бо назардошти имкониятҳои синнусолӣ ва инфиродӣ, қобилият ва талабот, ташаккули меъёрҳои ахлоқӣ ва ба даст овардани таҷрибаи иҷтимоии онҳо таъмин менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳои ба онҳо воридгардида талаб менамояд, ки Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҳия карда шавад. Аз ин лиҳоз, ворид намудани тағйиру иловаҳои воридгардида  низомномаро мукаммал гардонида, дар ҳалли баъзе масъалаҳое, ки дар Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳияи соли 2007) ворид нагардида буд, равшанӣ меандозад. Аз ин рў, Низомномаи нав баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо мукаммал гардида, пайдарҳамии мазмуну мундариҷа таъмин карда шуд. Аз ҷумла, дар боби 1 «Муқаррароти умумӣ» банди 8 (дар Низомномаи соли 2007 банди 5) принсипҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимӣ васеъ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мувофиқ карда шуда, дар банди 6 (дар Низомномаи соли 2007 банди 3) таҳияи Оинномаи муассисаи таълимӣ тибқи Низомнома ва талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» илова гардид.

«Ховар»: Низомнома дар таҳрири нав чӣ тавр таҳия гардид? Яъне, чӣ дигаргуниҳо дар он дида мешаванд?

Л.Назирӣ: Бубинед, масалан банди 10 Низомнома дар таҳрири нав чунин таҳия гардид: «Муассисаи таҳсилоти умумӣ дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати таҳсилот ва ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот комилан мувофиқ кардани ҷараёни таълим ба синну сол, хусусиятҳои психофизиологӣ, майл, қобилият, завқи хонанда, талаботи ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти онҳо масъул мебошад». Ё худ, ба банди 13 Низомномаи соли 2007 (банди 14 дар Низомномаи нав), ки  амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ дар баробари шакли таҳсили рўзона, ғоибона (шабона) ва аз тариқи экстернат муқаррар намуда буд, тибқи банди 4 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсили фарогир (инклюзивӣ) ва инфиродӣ илова карда шуд.

Дар боби 2 «Ташкили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» банди 16 (дар Низомномаи соли 2007 банди 15) ба ҷойи 2 сархати қаблӣ чунин тағйирот ворид карда шуд: «Муассисаи таҳсилоти умумӣ аз лаҳзаи аз қайди давлатӣ гузаштан шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти ғайритиҷоратӣ) ба ҳисоб меравад». Банди 17 Низомномаи соли 2007 (дар Низомномаи нав банди 18) аз ҷиҳати мазмун таҳрир гардида, банди 18 дар Низомномаи нав вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба 2 банди алоҳида-19 ва 20 ҷудо карда шуд.

Дар банди 21 (дар Низомномаи нав банди 23) бо 2 сархати нав мақоми филиалҳои муассисаҳои таълимӣ пурра ва аниқ гардид. Дар банди 22 (дар Низомномаи нав банди 23) иттиҳодияҳои таҳсилот ба иттиҳодияҳои таълимӣ иваз карда шуда, мақсади ташкили онҳо  нишон дода шуд.

«Ховар»: Дар Низомномаи нав вобаста ба шумораи хонандагон ягон банд ворид шудааст?

Л.Назирӣ: Бале, ворид шудааст. Бо назардошти самаранокии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ банди 26 (дар Низомномаи нав банди 28) шумораи хонандагон 25 нафар муайян карда шуда, бандҳои алоҳида 29 нафар барои синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳот (аз ҷумла синфҳои камнуфус) вобаста ба эҳтиёҷоти аҳолӣ, барои кўдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла ташкили синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) ворид гардид.

Ҳамчунин  дар боби мазкур банди 29 (дар Низомномаи нав банди 31) вобаста ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 пурра иваз карда шуд.

Дар банди 33 боби 3 «Раванди таълиму тарбия» (дар Низомномаи соли 2007 банди 31)  тавзеҳоти намуди муассисаҳо-гимназия, литсей ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омўзиши амиқи фанҳои алоҳида аз боби 1 кўчонда шуда, мазмуни бандҳои 35 ва 36 (дар Низомномаи соли 2007 бандҳои 33 ва 34) тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иваз гардид.

Дар боби мазкур бандҳои 39 ва 40  ворид гардида, ҳатмӣ будани омўзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст (сархати 3 банди 35 Низомномаи соли 2007 хориҷ гардид).

«Ховар»: Дар Низомномаи нав вобаста ба таълими иловагии пулакӣ чӣ гуфта шудааст?

 Л.Назирӣ: Дар банди 41 (дар Низомномаи соли 2007 банди 36) таълими иловагии пулакӣ, ки тибқи Низомномаи «Номгўи хизмати иловагии таълими пулакӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардида буд,  иваз карда шуда, минбаъд соатҳои иловагӣ барои синфҳои 1-11 дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуд.

Дар банди алоҳида (46) бо мақсади таъмини низоми ягонаи реҷаи рўз дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (новобаста аз шакли моликият) оғози дарсҳо дар басти 1 соати 8-00 ва басти 2 13-15 ворид карда шуд.

Ҳамчунин дар банди алоҳида (47) нишон дода шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.

Банди 40 (дар Низомномаи нав банди 49) бо назардошти тағйиру иловаҳо дар хусуси ба 2 нимсола ҷуда гардидани соли таҳсил, ташкили ҷамъбасти рейтингии сифати дониши хонандагон пурра иваз карда шуд.

Ҳамчунин вобаста ба тағйиру иловаҳои дар низоми таҳсил воридшуда бандҳои 50 ва 51 илова гардид.

Дар боби 4- Иштирокчиёни раванди таълим бандҳои 53-97 тағйиру иловаҳои куллӣ ворид карда шуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва вазифаҳои тамоми иштирокчиёни раванди таълимӣ мушаххас карда шуданд.

Дар боби 5 Идоракунии муассисаи таълимӣ (бандҳои 100 ва 101) мақоми директори муассисаи таҳсилоти умумӣ, муҳлати фаъолият ва талабот нисбат ба таъйинот ва уҳдадориҳои ў мушаххас гардонида шуд.

Дар банди 110 боби 6 Амвол ва воситаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (дар Низомномаи соли 2007 банди 70) вобаста ба сарчашмаҳои маблағгузор манбаъҳои ташкили амвол ва захираҳои молиявии муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шароити имрўза тағйир дода шуд.

Ҳамчунин банди 115 тибқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» меъёрҳои муайянкунандаи музди меҳнати омўзгор ва иловапулиҳо мушаххас нишон дода шуданд.

Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ҷараёни таълиму тарбияро дар муассисаҳои мазкур ба танзим оварда, вазифаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф муайян менамояд.

«Ховар»: Дар таҳияи Лоиҳаи мазкур  фикру хулосаи мутахассисон ба инобат гирифта шудааст?

Л.Назирӣ: Бояд зикр намуд, ки ворид кардани ҳар тағйиру илова ба ин ё он санади меъёрию ҳуқуқӣ, ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба танзим медарорад, ҳатман фикру андешаи коршинсони соҳа, омўзгорону собиқадорони соҳа зимни он ба инобат гирифта мешавад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи мутахассисони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дида шуда, фикру хулосаҳои мутахассисон дар таҳияи лоиҳа ба инобат гирифта шудаанд.

Инчунин лоиҳа аз тарафи вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, баъзе таклифу эродҳои судманд пешниҳод гардид, ки ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Аз ҷумла, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба банди 116 (дар варианти охир банди 115) эрод гирифта шуд, ки ба он мутобиқи банди 3 моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид карда шуд.

Ҳамчунин дар лоиҳа дар мувофиқа бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 111 (варианти охир банди 110) сархати 1 маблағҳои буҷети ҷумҳурияӣ ва маҳаллӣ ба маблағҳои буҷети давлатӣ иваз карда шуда, сархати 3 маблағҳо аз таҳсилоти иловагии бадастомада ва сархати 8 аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (ҷорӣ кардани омўзиши силсилаи фанҳои алоҳида, аз ҷумла ташкилотҳои варзишӣ ва дигар иттиҳодияҳо) бардошта шуд.

Дар сархати 2 банди 115 (варианти охир банди 114) баъди ташкилоти иттифоқҳои касаба ибораҳои ҷамъиятҳо, ташкилотҳои хайриявӣ ва шахсони воқеӣ ворид карда шуданд.

Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳои мазкур лоиҳаи мазкур аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёфт.

Инчунин дар охир инро ҳам бояд зикр намуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Лайло Қосимова

Июнь 2, 2016 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин