Оилаи солим-шоҳсутуни асосии давлатдорӣ

Июнь 1, 2016 10:29

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар факултаи рақами 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Оилаи солим шоҳсутуни асосии давлатдорист» конфронси илмию амалӣ баргузор шуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар кори конфронс  садорати муассисаи таълимӣ, омӯзгорону курсантон ва шунавандагони Академия иштирок намуданд.
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултаи рақами 4 Назарзода Носир Ҷобир зикр кард, ки оила яке аз қадимтарин унсурҳои иҷтимоӣ дар таърихи башарият ба шумор меравад. Аз ин рӯ, оилаи солим ҳастии ҳар як миллат ва бақои фарҳангу тамаддуни инсонӣ мебошад.
Дар мавзӯъҳои «Оилаи солим  шоҳсутуни асосии давлатдорист», «Никоҳ аз нигоҳи Ислом ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила», «Фаъолияти якҷояи оила, мактаб ва аҳли ҷамъият дар тарбияи насли наврас» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Зикр гардид, ки оилаи солим метавонад заминаи мусоиди ҳастии миллатро таъмин намудаву имконияти воқеии арзи ҳастӣ намудани онро ҳамчун миллати солиму устувор ва побарҷову ояндадор кафолат диҳад.
Ҳамчунин дар конфронс ба намоиш гузоштани тасвир-слайдҳо дар мавзӯъҳои «Оилаи солим, фарзанди солим, ояндаи солим» ва «Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осуда аст» инъикосгари мавзӯъҳои меҳварии конфронс ба шумор мерафт.

Июнь 1, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад