Ҷойгоҳи назарраси забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ
Душанбе, 06.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 9 июн дар мавзӯи «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир намояд.
Аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронси байналмилалӣ олимону забоншиносон ва устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Чин ширкат намуда, доир ба густариши забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалию рушди забони коргузории минтақа ва дигар мавзуъҳои муҳими вобаста ба рушди забони тоҷикӣ маъруза менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






