Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Конибодом муайян гардиданд

Июнь 14, 2016 10:05

Душанбе, 14.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунанд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ҷамоати деҳоти шаҳри Конибодом мусобиқаи шаҳрии оилаи намунавӣ ва хонаи намунавӣ дар моҳҳои апрел-май гузаронида шуд. Аз ҷониби комиссия муайян гардид, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот дар ин самт барои иштирок дар мусобиқа омодагии хуб ба роҳ монда шудааст. Дар мусобиқа тамоми сокинони шаҳри Конибодом ва кумитаҳои маҳаллӣ, деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фаъолона  ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи «Оилаи намунавӣ» оилаи Кимсановҳо аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби оилаи Шукуровҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва ҷойи сеюм насиби оилаи Холматовҳо аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид.
Дар мусобиқаи «Хонаи беҳтарин» ҷойи аввал насиби хонаи Наримон Ғиёсов аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов гардида, ҷойи дуюм ба хонаи Рустам Муродов аз ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев ва ҷойи сеюм ба хонаи Юсуфовҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон сазовор дониста шуд.
Дар мусобиқаи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Ҷавонон» сазовори мақоми аввал гардид.
«Деҳаи беҳтарин» деҳаи Диловарони ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дониста шуд.

Июнь 14, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд