Пайванди Гулмуродзода-адиби публитсист
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо номи «Масъалаҳои таҳқиқи ҷараёни маорифпарварӣ ва матбуот» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 60- солагии донишманд ва равшанфикри тоҷик устод Пайванди Гулмуродзода доир гардид.
Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Пайванди Гулмуродзода бо тарбияи шогирдон ва эҷоди асарҳои илмиву публитсистӣ тавонист номи худро дар илми журналистикаи тоҷик боқӣ гузорад.
Ҳамчунин Маҷид Салим, мудири шуъбаи очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Пайванди Гулмуродзода-адиби публитсист» иброз дошт, ки эҷодиёти Пайванди Гулмуродзода аз очеркҳои илмӣ-бадеӣ ва мустанад иборат аст.
Пайванди Гулмуродзода муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.
Ӯ узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои хидматҳояш дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг ва журналистикаи тоҷик бо чандин ифтихорномаву медал ва нишонҳо сарфароз гардидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






