Парчами давлатӣ бо баландии 32 метр дар Боми ҷаҳон парафшон мегардад

Июнь 15, 2016 15:51

Душанбе, 15.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ  дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пояаш 32 метрро ташкил дода,  дар баландии 1232 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, парафшон мегардад.
Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки  сокинони шаҳри Хоруғ- маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил намудани ҷашни барои мардуми тоҷик муқаддас- Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагии ҷиддӣ гирифта, ба корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат баста,  дар интизори истиқболи Пешвои миллат ҳастанд
Мавсуф зикр кард, барои сазовор таҷлил намудани 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ силсилаи биною иншооти дорои таъйиноти гуногун мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкорӣ, толори варзишӣ, ба истифода додани қубури  обрасонӣ бо масофаи 7 км аз мавзеи Боғердараи  ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон ба шаҳри  Хоруғ, ки маҳаллаҳои аҳолинишини  шаҳри Хоруғро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд, аз иншооти ҷашнии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ мебошанд.
Ҳамзамон барои таҷлили сазовори Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи рангину фарҳангии театрикунонидашуда аз ҷониби  ҳунармандони Кохи фарҳанги шаҳри Хоруғ таҳия гардида, пешкаши меҳмонон ва сокинони вилоят гардонида мешавад.
Соли равон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои мардуми тоҷик санаи сарнавишсоз ва арзишманд аст, дар Бадахшон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Бояд тазаккур дод,  ки  19 сол муқаддам, аниқтараш  27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни тоҷикон санади тақдирсоз- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он ба низоъ ва муқовиматҳои сиёсии дохилӣ дар кишварамон хотима бахшид ва бо шарофати он сулҳу суботи комил  дар Тоҷикистон пойдор гардид.

Июнь 15, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад