Парлумон ба чор қонуни конститутсионӣ тағйиру иловаҳо ворид менамояд

Июнь 20, 2016 12:01

Душанбе, 20.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 20 масъала   дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 20 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аз ҷумла, аъзои Шӯро чор лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд.
Инчунин лоиҳаи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,«Дар бораи назорати содирот», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба  Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси шаҳрсозӣ ва Кодекси оила аз сӯи аъзои Шӯрои палатаи поёнии кишвар баррасӣ гардиданд.
Дар анҷом бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва баъзеи дигараш барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси  намояндагон пешниҳод гардиданд.

Июнь 20, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад