Парлумон ду Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бекор кард

Июнь 30, 2016 14:30

Душанбе, 30.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон ду Созишномаи байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро 30 июн бекор кард. Инҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Созишномаи  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ мебошанд.
Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти бекор кардани ду санади байнидавлатиро шарҳ дода, гуфт, ки созишномаҳои мазкур бо назардошти ҳусни ҳамҷаворӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неку ҳамсоягӣ қабул гардида, дар зарфи  14 сол амали таърихии худро пурра иҷро кардаанд. Ҳадафи  пешниҳоди  лоиҳаи қарор мутобиқ намудани он ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ равона гардидааст. Бекор кардани созишномаҳои мазкур ҳуқуқи соҳибихтиёрии гирифтани шаҳрвандии дигар давлатро маҳдуд намекунад, танҳо ин амал тибқи қонунгузорӣ татбиқ карда мешавад, яъне тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2015 қабул гардида буд.
Вобаста ба ин  Шукурҷон Зуҳуров, Раиси  Маҷлиси намояндагон зимни муҳокимаи  санадҳои мазкур гуфт, ки  Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба ду шаҳрвандӣ шартнома надорад.

Июнь 30, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст