«Пешгирии зӯроварӣ дар оила»- машварат дар Академияи ВКД
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати илмии ғайринақшавии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он намояндагон аз мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Хусусияти оилавӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадис», «Баъзе проблемаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Ҳамкорӣ баҳри аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила», «Асосҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Амрномаи муҳофизатӣ ҳамчун чораи фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила» маърӯзаҳо шунида шудаанд.
Мақсад аз баргузории машварат, пеш аз ҳама, баррасии мавзӯъҳои муҳиме, ки дар ҷомеа нигаронкунандаанд, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он, мақоми зан, ҳифзи ҳуқуқҳои оиладорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт, баланд бардоштани сатҳи касбияти нозирони милитсия ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо ҷомеа буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






