«Пешгирии зӯроварӣ дар оила»- машварат дар Академияи ВКД

Июнь 16, 2016 11:56

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати илмии ғайринақшавии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он намояндагон аз мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи (славянии)  Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Хусусияти оилавӣ аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадис», «Баъзе проблемаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Ҳамкорӣ баҳри аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила», «Асосҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Амрномаи муҳофизатӣ ҳамчун чораи фардии пешгирии зӯроварӣ  дар оила»  маърӯзаҳо шунида шудаанд.
Мақсад аз баргузории машварат, пеш аз ҳама, баррасии мавзӯъҳои муҳиме, ки дар ҷомеа нигаронкунандаанд, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он, мақоми зан, ҳифзи ҳуқуқҳои оиладорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт, баланд бардоштани сатҳи касбияти нозирони милитсия ва мустаҳкам намудани  ҳамкорӣ бо ҷомеа буд.

Июнь 16, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид