Пешвои миллат: Дубора ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» боз як падидаи нек барои рушди илм мебошад
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Баъди таваққуфи бистсола дубора ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон боз як падидаи нек барои рушди илм маҳсуб шуда, олимон шароити боз ҳам бештар пайдо менамоянд, ки корҳои илмиашонро дар сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расонида, дар илми ситорашиносӣ, яъне омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд»-, иброз намуд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох».
Ба таъкиди Президенти кишвар, илм барои инсоният, бахусус мардуми тоҷик аз қадим арзиши бузург дошт ва имрӯз низ, яъне дар шароити рушди босуръати ҳаёти ҷомеаи ҷаҳон нақш ва мақоми илм торафт меафзояд. Илм ва бозёфтҳои илмӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои фаъолияти маънавии аҳли башар ва ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи фарҳанги умумиинсонӣ, аз ҷумла мардумони ориёитабор будааст.
«Илм барои халқи мо собиқаи чандинҳазорсола дошта, он дар чаҳорчӯбаи робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангҳои Аврупо ва Осиё дар тӯли асрҳои зиёд ташаккул ёфтаву тараққӣ кардааст.
Тибқи маълумоте,ки дар рисолаҳои Абӯрайҳони Берунӣ зикр шудаанд, гузаштагони некноми мо дар замонҳои қадим баробари дигар қавмҳои бостонии Қибту Бобул ва Юнону Ҳинд дар гирд кардану гиромӣ доштани илму дониш корҳои шоиста ба анҷом расонидаанд.
Дар асрҳои миёна аксари риёзидонону ҳайъатшиносон зодагони Хуросону Мовароуннаҳр буда, шохаҳои алоҳидаи илмро асос гузоштаанд ва ба ин восита дар рушди илм, дар маҷмӯъ, хизматҳои барҷаста кардаанд.
Олими асри IX Муҳаммади Хоразмӣ ба пайдоиши бахши илми риёзӣ- алгебра асос гузошта, истилоҳи ҳозираи алгоритм аз таълимоти ӯ гирифта шудааст.
Риёзидонони мовароуннаҳрӣ дар бахши илми мусалласот (тригонометрия) ҳам бештар аз 100 ҷадвали дақиқро мураттаб сохта будаанд.
Дар илми ҳайъат (астрономия) донишмандони Мовароуннаҳр комёбиҳои ҷолиб ба даст овардаанд. Ин минтақа дар тӯли таърих беш аз 100 нафар мунаҷҷимонро тақдими ҷаҳониён намудааст, ки Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ аз ҷумлаи бузургтарини онҳо ба шумор мераванд»-, илова намуд Пешвои миллат.