Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ бо барқ беҳтар гардад»

Июнь 21, 2016 16:54

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   «Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзор ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар шуд»,-иқтибос аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, маркази барқу гармидиҳӣ, хаттҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин ислоҳот дар соҳаи энергетика имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас беҳтар гардад.
Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, хаттҳои интиқоли барқи Ҷануб — Шимол, Лолазор — Хатлон ва Хуҷанд — Айнӣ анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Июнь 21, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик