Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ бо барқ беҳтар гардад»
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзор ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар шуд»,-иқтибос аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, маркази барқу гармидиҳӣ, хаттҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин ислоҳот дар соҳаи энергетика имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас беҳтар гардад.
Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, хаттҳои интиқоли барқи Ҷануб — Шимол, Лолазор — Хатлон ва Хуҷанд — Айнӣ анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






