Пирӯзии дастаи мунтахаби Англия дар дерби бо Уэлс

Июнь 17, 2016 11:34

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Уэлс барои ба бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 баромадан дар бозии даври дуввуми гурӯи «В» бо ҳамсоякишвараш- футболбозони Англия хеле наздик буд. Аммо чун ситора дурахшидани Гарет Бейл дар ин бозӣ барои футболбозони Уэлс камӣ кард. Гарет Бейл дар дақиқаи 42 голи зебоеро аз зарбаи ҷаримавӣ ба нишон расонд ва Уэлсро ба сафи пеш баровард.
Аммо Ҷеми Вардӣ ва Даниэл Стариҷ (56, 90+2) ин бартарии голи Уэлсро ба ҳеҷ баробар карданд ва дар натиҷа англисҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯзии аввалини худро дар гурӯҳи«В», ки тими мунтахаби Русия ҳам бо онҳост, баробар кард. Уэйн Рунӣ беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ интихоб шуд. Маҳз заҳматҳои ин футболбоз буданд, ки хати дифои дастаи мунтахаби Уэлс ба фишори англисҳо тоб оварда натавонист.
Дар даври сеюм бозии байни дастаҳои Русия бо Уэлс ва Англия бо Словакия тақдири роҳхатро ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ  ҳалл хоҳад кард

Июнь 17, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд