Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як сокини ноҳияи Мурғоб мошини Нива туҳфа кард

Июнь 30, 2016 14:34

Хоруғ, 30.06 2016 /АМИТ«Ховар»/.  Дар яке аз сафарҳои Сарвари давлат  ба ноҳияи Мурғоб  ба иллати бад шудани вазъи ҳаво чархбол дар деҳаи Аличули ин ноҳия  фуруд омад. То маркази ноҳия бештар аз 100 км масофа боқӣ монда буд. Ин  деҳа танҳо як мошини тамғаи Нива дошт, ки он таъмирталаб буд. Соҳиби  мошин Ҷӯрабой Азимов ба ҳамдеҳагони худ дастур дод, ки барои Президенти  кишвар як пиёла чой омода кунанд ва худ аз паи таъмири мошин шуд. Баъди фурсате мошин омода шуд ва Сарвари давлат ҳамроҳи Ҷӯрабой Азимов ба тарафи маркази ноҳия раҳсипор шуданд. Масофаи 110 км роҳро дар ду соат тай карда, ба маркази ноҳия расиданд. Писараш Иброҳим Азимов мегӯяд, ки аз ин ҳодиса зиёда аз 15 сол гузашт. Рӯзи 29 июн ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки мошини падаратро ба шаҳри Хоруғ  биёред. Ман ҳайрон мондам. Ин мошини фарсуда ба кӣ даркор шудааст? Бо як азоб тела дода, муҳаррикашро ба кор андохтему онро ба шаҳри Хоруғ овардем. Дар ин ҷо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар мошини кӯҳнаро гирифтанд ва бар ивазаш ба ман калидҳои мошини навро тақдим намуданд. Ҳамеша аз бузургсолон мешунидам, ки некӣ ҷовидон мемонад ва як рӯз не, як рӯз соҳибашро пайдо мекунад. Ман ба Президенти кишвар, Пешвои миллат аз номи аҳли хонавода сипоси бепоёни худро мерасонам, ки хизмати ночизи падарамро фаромӯш накарда, бар ивазаш чунин қадрдонӣ кардаанд.
Туҳфаи Президентро дар маркази ин деҳа хурду бузург истиқбол гирифтанд. Мӯйсафедон  аз он ҳодисаи ғайрчашмдошти фуруд омадани чархболи Сарвари давлат дар деҳаи Аличул ва дар зудтарин фурсат таъмир шудани мошини Нива аз  ҷониби Ҷӯрабой Азимов то дергоҳ қисса мекарданд.

Июнь 30, 2016 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст