Рӯзҳои наздик ҳавои мӯътадили тобистона дар назар аст
Душанбе, 20.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 21 то 24 июн дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар водиҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то ба 38 дараҷа хоҳад расид.
Пагоҳ дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 38-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 17-22, рӯзона 35-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 16-19, рӯзона 34- 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 17-22, рӯзона то 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 12-17, рӯзона 30-35; дар шарқ шабона 3-8, рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






