Рӯзҳои наздик ҳавои мӯътадили тобистона дар назар аст

Июнь 20, 2016 15:26

Душанбе, 20.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии    ҳавошиносон   рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 21 то 24 июн дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар водиҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то ба 38 дараҷа хоҳад расид.
Пагоҳ дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 38-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 17-22, рӯзона 35-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво  шабона 16-19, рӯзона 34- 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 17-22, рӯзона то 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 12-17, рӯзона 30-35; дар шарқ шабона 3-8, рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Июнь 20, 2016 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд