Радиои «Озодӣ»: Форсизабонҳои «Фейсбук» Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд

Июнь 17, 2016 19:46

Душанбе, 17.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни форсизабонҳои дунё рӯз то рӯз маъруфияти бештар касб мекунад. Дар ин бора имрӯз, 17-уми июн,  сомонаи Радиои «Озодӣ» зимни матлабе бо номи «Чаро форсизабонҳои «Фейсбук» Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд?» иттилоъ додааст. Тавре дар ин ин матлаб омадааст, «ҳаводорони эронӣ ва афғонистонии ҷаноби Раҳмон порае аз суханрониҳои ӯро ба хатти форсӣ баргардонда ва ҳамроҳ бо аксҳояш монанди дигар афроди маъруфи ҷаҳони форсигӯ дар интернет мечархонанд».
Тавре муаллифи матлаб нигоштааст: «Дуруд ба ин раисҷумҳур», «дурудҳо ба ин марди бузург», «дурудҳо ба ин марди фаҳмида», «эй кош раисҷумҳури мо буд» — аз ҷумлаи шиору назарҳое ҳастанд, ки зери аксу суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон дар саҳафоти интернетии форсизабонони бурунмарзӣ зиёд ба чашм мерсанд». Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳатто зери баъзе аксу гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳазорон форсизабонон лайк ё аломати писанд гузоштаанд ва садҳо нафар онҳоро ҳамрасонӣ (бознашр) кардаанд. Аз ҷумла, дар «Эрониёни хирадкор» ном гурӯҳ рӯи яке аз аксҳои Сарвари давлати Тоҷикистон шиорҳое ҳак шудаанд, ки дар онҳо даъватҳо ба шоҳномахонӣ, баргузидани номҳои форсии тоҷикӣ ба фарзандони худ ва парҳез кардан аз номҳои арабӣ, таблиғи пӯшиши миллии тоҷикӣ аз суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд.
Муаллифи матлаби Радиои «Озодӣ» дар идома гуфтаҳои Бобаки Ифтихорӣ, як эронии муқими Аврупоро мисол овардааст, ки «худро аз ҳаводорони ашаддии Эмомалӣ Раҳмон медонад». Бобаки Ифтихорӣ мутмаин аст, ки Пешвои миллати тоҷик «ба далели дунявигаро буданаш рӯз ба рӯз тарафдорони бештаре миёни эрониён пайдо мекунад. «Ҳарфҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аз дили мо мегӯяд. Ӯ забони гӯёи мо шудааст»,- навиштааст Бобаки Ифтихорӣ.
Дар матлаби Радиои «Озодӣ» ҳамчунин суханони Каюмарси Ориё, тоҷиктабори афғонистонии муқими Аврупо оварда шудаанд. Ӯ гуфтааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «миёни тоҷикони Афғонистон маъруфу маҳбуб аст».
Ҷонбоз Коргар, сокини минтақаи Шуғнони Афғонистон низ аз ҷумлаи тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ гуфтааст: «Мардуми Афғонистон сиёсати исломгароёнро таҷриба карданд. Аз ин рӯ, сиёсате, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар нисбати ифротиҳо пеш гирифтааст, ман дӯст дорам. Бубинед Афғонистон имрӯз дар чӣ ҳол аст…».
Хотиррасон менамоем, ки Радиои «Озодӣ» (Аврупои озод) яке аз шабакаҳои фарогири амрикоист, ки аз ҷониби Конгресси Шататҳои Муттаҳидаи Америка маблағгузорӣ мешавад. Барномаҳои Радиои «Озодӣ», ки ба 28 забон дар ҳудуди кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Россия, Кавказ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна пахш мешаванд, беш аз 35 миллион шунаванда доранд. Маркази пахши барномаҳои Радиои «Озодӣ» дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ва маркази идории ин Радио дар шаҳри Вашингтон, пойтахти ШМА ҷойгиранд.

Июнь 17, 2016 19:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад