Раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ ба порагирӣ гумонбар дониста шуд
Душанбе, 23. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои гирифтани пора дастгир намуданд. Дар ин бора маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи бурдани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати тиббӣ Сайдалиев Шералӣ Муродович, барои аз хизмати ҳарбӣ бинобар сабаби беморӣ озод намудани шаҳрванд «А», ки ба доираи ваколатҳои мансабии ӯ дохил аст, ба сифати пора маблағи 2000 доллари амрикоӣ талаб намуда, аз ин маблағ моҳи феврали соли 2016, маблағи 10 800 сомонӣ ва 600 доллари амрикоиро ба сифати пора гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 3300 сомониро талаб карда истодааст.
11 апрели соли 2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ Сайдалиев Шералӣ Муродович бевосита баъди аз шаҳрванд «А» ба сифати пора гирифтани маблағи 3300 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, далели шайъӣ, яъне маблағи 3300 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Нисбат ба Сайдалиев Шералӣ Муродович бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






