Раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ ба порагирӣ гумонбар дониста шуд

Июнь 23, 2016 09:07

Душанбе, 23. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои гирифтани пора дастгир намуданд. Дар ин бора маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва    мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи бурдани корҳои  фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати тиббӣ Сайдалиев Шералӣ Муродович, барои аз хизмати ҳарбӣ бинобар сабаби беморӣ озод намудани шаҳрванд «А», ки ба доираи ваколатҳои мансабии ӯ дохил аст, ба сифати пора маблағи 2000 доллари амрикоӣ талаб намуда, аз ин маблағ моҳи феврали соли 2016, маблағи 10 800 сомонӣ ва 600 доллари амрикоиро ба сифати пора гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 3300 сомониро талаб карда истодааст.
11 апрели соли 2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ Сайдалиев Шералӣ Муродович бевосита баъди аз шаҳрванд «А» ба сифати пора гирифтани маблағи 3300 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, далели шайъӣ, яъне маблағи 3300 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Нисбат ба Сайдалиев Шералӣ Муродович бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Июнь 23, 2016 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид