Ҳ. Расулзода, директори Агентии обуҳавошиносӣ: «Кормандони обуҳавосанҷӣ дар сурати таъмин шудан бо яроқи оташфишон метавонанд худро аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ҳифз кунанд»

Июнь 21, 2016 14:45

Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Ба мақсади ба танзим даровардани фаъолияти обуҳавошиносӣ  ба Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаолияти обуҳавошиносӣ» тағйиру иловаҳо таҳия карда шуда,  барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шуданд.
Барои муайян намудани он ки қонуни мазкур кадом тағйиру иловаҳоро дар бар мегирад, хабарнигори АМИТ Ховар бо директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидчон Расулзода суҳбат намуд.
Ба иттилои манбаъ, тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» кормандони идораҳои обуҳавошиносӣ бояд бо худ силоҳи оташфишон дошта бошанд.
Раиси Агентии обуҳавошиносӣ мақсади ворид кардани ин тағйиротро чунин арзёбӣ намуд:
Вобаста ба хусусияти махсуси соҳа сохторҳои дар маҳалҳо буда, стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ дар масофаи хеле дур аз минтақаҳои аҳолинишин,  дар оғӯши табиати ваҳшӣ ҷойгир мебошанд. Таҳдид ва ҳуҷуми даррандагони ваҳшӣ ба кормандони стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ як ҳодисаи муқаррарии зуд-зуд такроршаванда гардида, ба ҳаёти кормандон хатари марговарро пеш меорад. Ҳамасола теъдоди зиёди олимону мутахассисон ба экспедитсияҳои соҳавӣ баромада, муддати тўлонӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон, дар болои пиряхҳо ва  болооби дарёҳо корҳои татқиқотӣ анҷом медиҳанд, ки  таҳдиди ҳамлаи даррандагони ваҳшӣ ҳодисаи муқаррарӣ мебошад.
Кормандони стансияҳои обуҳавосанҷӣ дар ҳар як се соат дар як шабонарӯз ба майдончаҳои обуҳавосанҷӣ баромада, мушоҳида ва ченкуниҳоро анҷом медиҳанд, ки дар шабонгоҳ барои ҳамлаи ҳайвоноти дарранда вақти басо қулай мебошад.
Ҳ. Расулзода зикр  намуд, ки  аз давраи Шўравӣ то нооромиҳои солҳои 90-ум тамоми стансияҳои обуҳавосанҷӣ бо яроқи оташфишон, таппончаҳои мушакпарронӣ ва яроқи сард таъмин буданд ва кормандон ба ин васила худро аз ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ҳифз менамуданд. Ҳамзамон яроқи оташфишон ҳамчун воситаи огоҳонидани аҳолии водӣ аз фаромадани тарма, сел, ярч ва амсоли онҳо пешбинӣ шудааст, ки имрўз кормандон аз чунин воситаи боэътимод маҳрум мебошанд.
Ӯ гуфт, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», ки соли 2002 тасдиқ шудааст, 14 сол сипарӣ гардида, дар муносибатҳои байналмилалӣ, танзими мубодилаи иттилоот, хизматрасонии    обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон ва амсоли онҳо навгониҳои зиёде ба миён омаданд. Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои даҳҳо ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Ташкилоти Умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Шӯрои байнидавлатӣ оид ба обуҳавошиносии ИДМ гардид, ки ин ҳама аз ҷаҳонишавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳанд.
Ҳамзамон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ буда, танзими мубодилаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ аз ҷумлаи вазифаҳои соҳавии он мебошад. Аз ин лиҳоз, дақиқ намудани мафҳумҳо, мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин тақвият бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур зарурати воқеӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, Ҳомидҷон Расулзода қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»-ро чораи саривақтӣ дониста, гуфт, ки он ба амнияти кормандони соҳа, мубодилаи иттилооти обуҳавошиносӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди соҳаҳои дигари иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Июнь 21, 2016 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид