Раёсати кумитаи замини ВМКБ ва ду муассисаи дигари давлатӣ ба бинои нав мекӯчанд

Июнь 23, 2016 15:34

Хоруғ, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди навсозии бинои бахши вилоятии «Тоҷикматлубот» дар ВМКБ боз барои чанд муассисаи давлатӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Сардори ҶДММ «Хизматгор» Амонбек Мамадризобеков гуфт, ки корро аз аввали моҳи маи соли равон оғоз намудем ва дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасонем. Ин бино дар аввали солҳои 70-ум бунёд шудааст. Агарчӣ масоҳати зиёди заминро ишғол мекунад, аммо чанд утоқи хурди торик дораду бештари масоҳати он барои истифода корношоям аст. Мо комилан тарҳи биноро тағйир дода, ба меъёрҳои муосири меъморӣ мутобиқ сохтем ва шумораи утоқҳои кориро ба 16 адад расондем. Акнун дар ин ҷо ба ҷуз Раёсати заминсозии вилоят, ҳамчунин боз се идораи дигар бо шумули корхонаи бақайдгирии молу манқули вилоят,  аэрогеодезияи вилоят бо теъдоди бештар аз 70 нафар фаъолият хоҳанд кард.
Сардори ин ширкати сохтмонӣ гуфт, ки то рӯзи  ҷашни Ваҳдати миллӣ бино барои фаъолият комилан омода мегардад.

Июнь 23, 2016 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад