Рекорди ҷаҳонии мухлисони Исландия
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мухлисони дастаи мунтахаби футболи Исландия ҳангоми тамошои бозии 1/8- ниҳоии Ҷоми «Аврупо-2016» бо тими мунтахаби Англия, ки бо ғалабаи исландиҳо(2:1) анҷом ёфт, дар тамошои бозӣ тавассути телевизорҳо рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд. Вақте ки бозӣ мустақиман пахш мешуд, 99,8% тамошогарон маҳз ин вохӯриро тамошо кардаанд. Тибқи омор, бинандагони аз 10 то 80- сола, ки 272 000 ё худ 94% аҳолии Исландияро ташкил медиҳанд, ба дастаи мунтахабашон таваҷҷуҳ доштанд ва онро тавассути гузориши телевизионӣ тамошо карданд.
Барои қиёс, бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2012-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Испания ва Италия 76% испаниҳо ва 75% итолиёвиҳо тавассути телевизор тамошо карда буданд. Ҳамин гуна рақамҳо дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон низ ба қайд гирифта шудаанд. Вохӯрии финалии соли 2014-ро бо иштироки дастаҳои мунтахаби Олмон ва Аргентина 75% олмониҳо ва 78% аргентинагиҳо тамошо кардаанд.
Тавре мебинем, тафовути нишондоди имсола хеле назаррас аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






