Рушди фазои иттилоотӣ дар Бадахшон
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ пахши шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар ҳудуди ВМКБ шурӯъ шуда, ҳоло мавҷҳои ТВ «Тоҷикистон» 92,4 %, ТВ «Сафина» 86,83 %, ТВ «Ҷаҳоннамо» 81,82%, ТВ «Баҳористон» 73,18 % қаламрави вилоятро фаро гирифтаанд. Пахши барномаҳои телевизиони вилоятӣ аз 6 соати қаблӣ то ба 10 соат зиёд гардида, ҳамкории телевизиони вилоятӣ бо шабакаи навтаъсиси «Синамо» роҳандозӣ шудааст.
Барои таъмин намудани аҳолии вилоят ба иттилооти саривақтӣ бо мусоидати ширкатҳои алоқаи мобилии «Тсеел», «МегаФон», «Билайн», «Вавилон» ва «Телеком Технолоҷи» дар шарҳи Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳои ВМКБ хатти магистралии нахи нурӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин иқдом барои истифода аз имкониятҳои бемаҳдуди шабакаи ҷаҳонии интернет шароити мусоид фароҳам овард.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо супоришу дастурҳои Президенти мамлакат дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони вилоят дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ дар давраи то соли 2015» силсилаи иқдомҳо тарҳрезӣ ва амалӣ шудаанд. Имсол низ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса баргузор карда мешавад, ки он ба рушди боз ҳам бештари вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






