Рушди минбаъдаи ноҳияи Ишкошим дар доираи барномаи алоҳидаи давлатӣ

Июнь 27, 2016 10:09

Душанбе, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ишкошим мулоқот баргузор намуда, аз дастовардҳои ноҳия дар замони истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуд. Зимни суханронии худ Сарвари давлат ба фаъолону сокинони ноҳияи Ишкошим иттилоъ дод, ки: «Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди босуботи ноҳия «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошимро барои солҳои 2016-2020» қабул кардааст, ки ҳадафи асосии он таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон мебошад».
Мувофиқи барномаи давлатӣ дар ояндаи наздик аз худ намудани як қатор иқтидорҳои нав дар назар дошта шудааст, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад. Барномаи «Рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020» 134 лоиҳаро дар бар гирифта, барои татбиқи онҳо 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 67 миллиони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ нисбат ба соли 2015 мутаносибан ба 16 ва 17 фоиз зиёд шуда, беш аз 500 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳо 24 фоиз зиёд мегардад.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ишкошим зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар тақвият бахшида, чораҳои мушаххасро ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020» роҳандозӣ кунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим захираҳои табиӣ, аз қабили сангҳои қиматбаҳо, ороишиву сохтмонӣ, аз ҷумла санги мармар ва обҳои маъданиву шифобахш хеле фаровонанд, ки барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат карда метавонанд.

Июнь 27, 2016 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад